Ин вохӯриро 4,41 млн нафар аз оинаи нилгун тамошо кардааст.  

Рақобати дастаҳои “Лейкерс” ва “Портленд”, ки шаби 31-уми январ дар Лос – Анҷлес баргузор шуда буд, дар руйхати бозиҳои сертамошобини шабакаи ESPN миёни бозиҳои АМБ (Ассотсиатсияи миллии Баскетбол) мақоми дуюмро касб кард.

Аз ин пеш бозии дастаҳои “Лейкерс” ва “Хюстон”-ро соли 2003 тавассути ин шабакаи телевизионӣ аз ин зиёдтар шумораи мухлисон тамошо карда буданд.

Дар доираи рақобати дастаҳои “Лейкерс” ва “Портленд” якчанд чорабиниҳо дар мавриди марги нобаҳангомии баскетболбози дастон Кобе Брайант сурат гирифт.

 

 

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here