Дар бозии даври 17-уми Лигаи олӣ, дастаи “Хуҷанд” дар сафар “Хатлон”-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, расман мақоми дуюмро аз они худ кард. 

Футболбозони Хуҷанд аллакай дар ниммаи аввали бозӣ тавассути Дилшод Бозоров (4), Фатҳулло Фатҳуллоев (12) ва Ҷаҳонгир Эргашев (30) ба пеш баромаданд.

Дар ҷараёни қисми дуюм Умарҷон Шарифов (64) ва Парвиз Боқӣ Охунов (90+2) ду голи “Хатлон”-ро ба ҳадаф расониданд. Ҳамин тариқ дастаи “Хатлон” дар мавсими имсола бори аввал дар майдонаш ба шикаст мувоҷеҳ шуд.

Дар даври оянда “Хатлон” бо “Локомотив-Помир” ва “Хуҷанд” дар сафар бо “Регар ТадАЗ” қувва меозмоняд.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here