Дастаи “Истиқлол”, ки се давр пеш унвони чемпиониро ба даст оварда буд, дар сафар аз КМВА мағлуб шуд.
Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Поитехникум”-и Душанбе сурат гирифта, бо як голи задаи Мунир Давлатбеков дар дақиқаи 39-ум ба поён расид. Ҳамчунин баъд аз дақиқаи 74-ум, ки Зоир Ҷӯрабоев корти сурх гирифт, футболбозони “Истиқлол” бо шумораи кам бозиро идома доданд.
Дар даври мавқуфмонаи 15-ум КМВА дар майдонаш бо “Душанбе-83” бозӣ мекунад ва “Истиқлол” дар сафар бо “Кӯктош”