Дастаи навкори мавсими имсола, “Душанбе-83” бо ба даст овардани 3-хол дар бозии даври 17-ум муқобили “Локомотив-Помир” мавқеашро дар Лигаи олӣ нигоҳ дошт. 

Ин бозӣ майдони дастаи “Душанбе-83” сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи шогирдони Назиршоҳ Ризомов ба анҷом расид. Голи ягонаро дар ин бозӣ зарбаи Хуршед Абдуллоев ва автоголи Исроил Холов овард.

Дар даври мавқуфмондаи 15-ум “Душанбе-83” бо КМВА ва “Локомотив-Помир” бо “Хатлон” рақобат мекунанд.

 

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here