Дар бозии даври 17-уми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ, “Регар ТадАЗ” дар майдонаш бар “Файзканд” пирӯз шуд.

Дар ин рақобат голи задаи ҳимоятгари мизбонон Дороб Эргашев дар дақиқаи 90+3 мизбононро соҳиби се хол гардонид. Ҳоло “Регар ТадАЗ” бо 12-хол дар зинаи охир қарор дорад ва имкони хуби наҷот ёфтанро дар мавсими имсола пайдо кард. “Файзканд” бошад бо касби 16-хол дар ҷойи 7-ум аст.

Дар даври оянда, ки бозии мавқуфмондаи даври 15-ум аст, “Файзканд” ба дидори “Истаравшан” меравад ва тими “Регар ТадАЗ” дар майдони худ “Хуҷанд”-ро қабул хоҳад кард.

 

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here