Дар бозии даври 17-уми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ, “Кӯктош” дар майдонаш пирӯз шуда натавонист. 

Вохӯрии дастаҳои “Кӯктош” ва “Истаравшан” дар варзишгоҳи “Нефтяник” сурат гирифта, бо натиҷаи 2:2 ба анҷом расид. Дар дақиқаи 4-уми бозӣ, Отабек Каримов аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро боз кард. Ба ин нигоҳ накарда, мизбонон тавассути голҳои Муҳсин Абдуғаффоров (20) ва Мбеке Диеудони (41) ба пеш баромаданд. То вақти асосӣ соҳиби майдон барои гирифтани се имтиёз  наздик буданд, вале голи задаи Азизҷон Шамсиев дар дақиқаи 90+2 нақшаи мизбононро барбод дод.

Ба даст овардани як имтиёз барои шогирдони Алиёр Ашӯрмамадов аҳамияти хеле калон дошт, зеро даста дар қатори тимҳои аутсайдери мусобиқа қарор гирифта буд. Акнун бо як хол онҳо то бозии “Душанбе-83”  – “Локомотив-Помир” мақоми аутсайдериро тарк карданд.

Барои дастаи “Кӯктош” аз даст додани ду хол аламовар буда, новобаста аз ин ҳам тими мазкур то бозии ин дар миёни “Хатлон” ва “Хуҷанд” дар ҷойи сеюм боқи мемонад.

 

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here