Муҳаммад Султонов, футболбози тоҷики дастаи “Нижний Новгород” аввалин голашро дар чемпионати Лигаи миллии футболи Русия ба ҳадаф расонид. 

Султоновро, ки чанде пеш бо сабабҳои номаълум аз тими “Ротор” ҷавоб дода буданд, аллакай дар дастаи наваш бозии чаҳорумро муқобили тими “Торпедо” дар сафар баргузор намуд. Ӯ дар бозии даври 11-уми чемпионати Русия миёни дастаҳои ЛМФ (ФНЛ) дар ҳайати асосӣ бозӣ карда, дар оғози қисми дуюм (47) ба задани гол даст ёфт. Баъдан дар дақиқаи 72-юм иваз шуд. Дастаи Султонов дар ин рақобат бо ҳисоби 2:0 дар сафар ғалаба кард.

Дастаи “Нижний Новгород” баъди 11-давр бо 22 имтиёз дар ҷойи 4-ум қарор дорад.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here