Расман Луис Суарес тарки “Барселона” кард, дасте ки беҳатрин солҳои худро дар он ҷо гузаронд.

Дар давоми шаш сол ӯ ҳамаи ҷоизаҳоро ба даст оварда ба фоидаи “Барселона” 198 гол задааст. Сеюмин нишонзани даста дар таърихи “Барселона”. Суарес бисёр мехост дар Испания монад, ба бахти ӯ Симионе дасти ёрӣ дароз кард. Дар якҷоягӣ онҳо метавонанд куҳро талқон кунанд, “Барселона” беҳтарин ҳамлагари худро бадарға кард, лекин боз ҳам метавонад аз ҳисоби ӯ маблағ ба даст орад. Агар “Атлетико” дар Лига Чемпионҳо ба ¼ финал барояд, 2 млн ба ҳисоби Барса мегузаронад. Моҳи январ Суарес 34 сола мешавад. Вақт нишон медиҳад, ки нисбат ба ӯ чунин мусонибат аз сӯи “Барселона” дуруст буд ё  не. Таърих ёд дорад, ки онҳо як дафъа сахт шатта хурда буданд. Давид Виля аз “Барселона” ба “Атлетико” гузашта, бори аввал баъд аз соли 1996 онҳоро чемпион кард. Ҳамчунин собиқ дастаи худро ҷазо дод, бо маҳрум намудан аз Лига Чемпионҳо. Агар Суарес ба дарвозаи “Барселона” гол занад, ман боварӣ дорам, ки мухлисон ба хотири ӯ кафкубӣ мекунанд. Ба нишони эътироз нисбат ба амалҳои роҳбарияти клуб, ки ягон хел мантиқ надорад. “Барселона” бо чунин амалҳои худ моро ба андеша водор мекунад, ки шояд худашон ҳис карда исодаанд; имсол бар муқобили “Реал” ягон шанс надоранд, аз ин хотир махсус Суаресро ба “Атлетико” равон карданд, то ин ки монеъи роҳи рақиби ашадии онҳо шавад. Аҷоиботи кор дар он аст, ки акнун дар “Барселона” рақами 9-ро Брэтвейт соҳиб мегардад. Ӯ ба рақами 10 чашм духта буд, лекин ин ҳам бад нест.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here