Кумитаи доварони ФФТ рефери FIFA аз шаҳри Душанбе, Сайёд Зайниддиновро аз доварӣ барои ду даври мусобиқаҳои Лигаи футболи кишвар маҳрум кард. 

Дар хабари Федератсияи футболи Тоҷикистн омадааст, ки баъди гузориши Абдулло Олимов, нозири бозии даври 16-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои “Файзканд” ва “Душанбе-83”, ки ба довар баҳои ғайриқаноатбахш гузоштааст, дида баромад. Дар дақиқаи 56-уми вохӯрӣ довари бозӣ ба дарвозаи “Файзканд” ҷаримаи 11-метра таъин накардааст.

Баъди шиносоӣ бо ин ҳолат, Кумитаи доварон ба хулоса омад, ки тибқи моддаи 2, банди 2 ва зербанди 2,3 -и кодекси инизомии куимтаи доварон Сайёд Зайниддиновро аз ҳақи доварӣ дар ду давр аз тамоми мусобиқаҳои зери нуфузи ЛФТ озод намояд.

Аммо Беҳрӯз Муртазоев, ки бозии ҳамин давр миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Кӯктош”-ро доварӣ мекард, дар ҷараёни қисми дуюми вохӯрӣ голи соҳибони майдонро ҳисоб накард. Ҳол он, ки ба гуфти коршиносони соҳа довар бе асос қабл аз гол қойдавайронкуниро ба нафъи меҳмон дод.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here