“Барселона” бо як футболбози калидиашро аз даст дод.
Нелсон Семеду, футболбози португалии «Барселона» расман бозингари дастаи «Вулверхэмптон»-и Англия шуд. Маблағи гузариш 30 млн евро ва 10 млн еврои дигар ҳамчун бонус будааст. Нелсон Семеду дастпарвари дастаи “Порту”-и Португалия буда, соли 2017 ба ҳайати “Барселона” гзуашт. Он вақт нархи гузариши ӯ 30 млн евроро дар бар мегирад.