Дастаи “Хатлон” дар бозии даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон тими “Истаравшан”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, ба финал баромад. 

Ин бозӣ имрӯз дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Бохтар сурат гирифт. Ҳисобро аз пеналти Кароматулло Саидов дар дақиқаи  47 боз кард. Муаллифи голи дуюм Худойдод Узоцов дар дақиқаи 75-ум боз кард. Дастаи “Хатлон” баъди 15-сол бори аввал ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. Охирин маротиба онҳо дар финал бо дастаи “Регар ТадАЗ” соли 2005 рӯ ба рӯ шуда, аз рӯйи зарбаҳои пеналти шикаст хӯрданд.

Ҳамин тавр “Хатлон” дар финали Ҷоми мамлакат бо дастаи “Равшан” рақобат мекунад. Ин вохӯрӣ 10-уми октябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегирад.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here