“Истиқлол” ягона дастае дар Тоҷикистон аст, ки аз ҳама бештар соҳиби медалҳои тиллои чемпионат шуд. 

Дар бозии даври 16-уми чемпионати Тоҷикистон “Истиқлол” дар сафар бозиро бо “Хатлон” муссовӣ анҷом дода, пешакӣ унвони чемпиониро дар мавсими имсола ба даст овард.  Ҳисоб дар дақиқаи 45+2 аз ҷониби Рустам Соиров кушода шуд ва мизбонон бо кӯмаки Кароматулло Саидов аз пеналтӣ (47) ҳисобро баробар карданд. “Хатлон” ягона дастае дар чемпионат буд, ки аз чемпиони феълӣ дар ду бозӣ имтиёз ситонид. Ҳамакнун дастаи “Истиқлол” бо 41-имтиёз се давр пеш аз анҷоми мавсими имсола пирӯзӣ ба даст овард. Дастаи “Хатлон” бо 24-хол дар мақоми 3-юми ҷадвал меистад.

Дар даври 17-ум “Истиқлол” дар сафар бо КМВА бозӣ мекунад ва “Хатлон” дар майдони худ бо “Хуҷанд” нерӯ месанҷад.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here