Гарет Бэйл, футболбози дастаи “Реал”, ба таври қарзӣ ба тими пешинааш омад.

Ӯ акнун дар “Тоттенҳэм” то охири мавсими 2020/21 бозӣ мекунад. Мавсуф баъди муаррифиаш рақами 9-ро интихоб кард. Хабар медиҳанд, ки “Тоттенҳэм” ба Бэйл тамоми музди маошашро медиҳад ва “Реал” бошад бонусҳоро ба худ мегирад.

Солҳои 2007/13- ро Бэйл дар “Тоттенҳэм” гузаронида, соли 2013 бо маблағи рекордии ҳамонвақтаи 100 млн евро ба “Реал” гузариш кард.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here