“Локомотив-Помир”  дар ду бозии ахири худ ғалаба мекунад.

Дар вохӯрии хонагиаш тими “Локомотив-Помир” бар КМВА бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Баъди он, ки мизбонон дар қисми аввал баъди таъини зарбаи 11-метра  ва голи Шервонӣ Мабатшоев ҳисобро боз карданд, вале дар оғози қисми дуюм голи зудкор сар доданд. Муаллифи  он, Азизбек Ҳасанов гардид. Пас аз 4 дақиқаи ин гол, Озодбек Панҷиев тӯби дуюмро ба дарвозаи Иван Пономоренко ворид кард намуд, вале Шодибек Ғаффоров дар зудтарин фурсат ҳисобро баробар кард. Ҳамин тариқ дар дақиқаи 87-ум Манучеҳр Сафаров, ки дар қисми дуюми бозӣ ба майдон омад, ғалабаи мизбонро таъмин намуд. Ин бохти панҷуми КМВА ва ғалабаи сеюми “Локомотив Помир аст.

Ёдовар мешавем, ки дар қисми дуюм довар Насрулло Кабиров ба Озодбек Панҷиев, ки иваз шуда буд, бинобар сабаби таҳқираш корти сурх нишон дод.

 

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here