Дастаи футболи “Ливерпул” расман аз гузариши бозинагри испанӣ, Тиаго Алкантара хабар дод. 

Футболбози 29-сола аз “Бавария” ба ҳайати мерсисайдиҳо бо бастани шартномаи дарозмуддат гузариш кард. Гуфта  мешавад, ки маблағи гузариш 20+5 млн фунт стерлингро дар бар мегирад. Футболбози мазкур дар давоми 7-соли фаъолият дар “Бавария” 16-ҷоиза аз ҷумла, Лигаи қаҳрамонҳо, 7-ҷоизаи чемпионии Олмон ба даст овардааст. Ӯ дар 235 бозӣ ширкат карда, муаллифи 31-гол ва 35 паси головар шудааст.

Тиаго дастпарвари “Барселона” буда, соли 2014-ум ба Олмон рафт.

 

 

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here