Дар бозии драматикии даври аввали чемпионати Англия, “Ливерпул” бо мушкилӣ бар тими нави мусобиқа, дастаи “Лидс” ғалаба кард. 

Ин бозӣ дар “Энфилд” сурат гирифта, бо натиҷаи 4:3 ҷамъбаст гардид. Муҳаммад Салоҳ, ҳамлагари “Ливерпул” ба задани cе гол (дақ 4 пен, 33, 88 пен) даст ёфт. Ҳамин тавр ӯ мавсими чаҳорум аст, ки дар бозии нахуст муаллифи гол мешавад. Футболбози мисрӣ дастоварди собиқ ҳамдлагари “Тоттенҳэм” Тедди Шерингемро, ки сар аз мавсими 1992/93 ва 1995/96 пайиҳам гол зада буд, такрор кард.

Ғайр аз ин, Салоҳ бо пироҳанҳои “Ливерпул” дар 61 бозии хонагӣ 51 гол задааст. Танҳо собиқ футболбози дастаҳои “Саутҳэмптон”, “Блэкберн” ва “Нюкаслл” Алан Ширер ба задани 50-гол дар бозии хонагии дастаҳояш муваффақ шудааст. Аммо ӯ дар 47 бозӣ ин нишондодро қайд намуда буд.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here