Дар бозии даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 “Истиқлол” ба таври ҳангомавӣ дар сафар шикаст хӯрд. 

Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб сурат гирифта, бо пирӯзии 4:2 ба фоидаи “Равшан” ба поён расид. Қаҳрамони ин дидор Ҳасан Рустамов гардид. Футболбози мазкур ба задани ду гол  дар дақиқаҳои (8, 90+2) даст ёфт. Наврӯз Рустамов (91) ва Абдураҳмон Нозимов (111) ду голи дигари мизбононро ба нишон расониданд. Ду голи “Истиқлол” ба Марко Милич (38) ва Рустам Соиров (60) таалуқ дорад.

Ёдовар мешавем, ки қисми аввал капитани дастаи “Истиқлол” Аҳтам Назаров аз зарбаи 11-метра муаллифи гол шуда натавонист.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here