Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Кӯктош” пас аз бозии даври 14-уми Лигаи олӣ бо иштироки “Локомотив-Помир” ва “Кӯктош” (2:1) дар барномаи мустақими “90 дақиқа”-и  шабакаи “Варзиш” аз кори доварони ин бозь сахт инқод кард. 

“Сатҳи футболи мо имрузҳо хеле пеш рафтааст, аммо кори доварон чи хеле, ки буд ҳамон тавр боқӣ мондааст. Дар бозии гузашта ҳам аз хатогии ёрдамчии довар мо ду хол аз даст додем ва дар бозии имрӯза бошад се хол. Умуман, довар ҳукми худро надорад. Ӯ бештар бо овози футболбозон аҳамият дода, фақат ба гуфтаҳои бозингарони ҳариф қарор мебарорад. Аламовар он аст, ки ӯ фикри худро надорад. Ин як дардовар аст”.

Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи 75-уми бозӣ довар Абдулло Давлатов ба сармураббии “Кӯктош” Маҳмадҷон Ҳабибуллоев корти сурх нишон дода ӯро аз майдон ронд.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here