Имрӯз дар маҷмааи “Қасри варзиш” дар шаҳри Хуҷанд бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 сурат гирфт. 

Барои ба даст овардани ҷоизаи асосӣ дастаҳои “Соро кампания” (Душанбе) ва “Равшан” (Кӯлоб) бо ҳам рақобат карданд. Чемпиони феълии кишвар дар ин набард бо ҳисоби 8:4 пирӯзӣ ба даст оварда, соҳиби Ҷом шуд. Некрӯз Алимаҳмадов, капитани дастаи “Соро” ба задани се гол даст ёфта, дар поёни рақобат беҳтарин бозингар эътироф шуд. Вахтанг Кекеля, бозингари гурҷии ин тим ду дафъа, Муҳаммад Шарифов, Сиёвуш Қаюмов ва Насим Шарифов муаллифи голҳо шуданд. Аз дастаи “Равшан” Иброҳим Мирзоев хет-трик карда, як тӯби дигарро Умеди Ҳусайн ба ҳадаф расонид.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here