Мавсими 2020/21 дар футболи Англия оғоз гардид.

Тими “Арсенал”, ки мавсими гузаштаро бо ишғоли зинаи 8-ум ҷамъбаст карда, Ҷоми Англия ва Суперҷоми ин кишварро ба даст овард, дар дидори нахуст, ба дебютанти мусобиқа “Фулҳэм” раҳм накард. Шогирдони Микел Артета бо ҳисоби 0:3 бо голҳои задаи Александр Ляказетт (9), Габриэл (49) ва Пйер Эмерик Обамеягн (57) дастболо шуданд. Ҳамин тариқ, Александр Ляказетт муаллифи голи нахусти мавсими имсолаи Преймйер Лигаи Англия шуд.

“Арсенал” дар даври дуюм бо “Вест Ҳэм” ва “Фулҳэм” бо “Лидс” дидор анҷом хоҳад дод.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here