Дар бозии даври нимниҳоии мусобиқаи US Open, теннисбози амрикоӣ Серена Улямс аз буҷули пояш осеб гирифт. 

Ин ҳолат дар рақобат бо Виктория Азаренко сурат гирифт. Ин ҳодиса дар вақте ҳисоби 6:1, 3:6, 0:1 ба амал омад. Дар гейми дуюми пайти сеюм Азаренко баъди партобҳои ҳарифаш 0:40 бартарӣ дошт, аммо баъди охирин зарба Улямс боз истод ва табибон кӯмаки аввалия расониданд. Ниҳоят дар ин набард Виктория Азаренко бо натиҷаи 1:6, 6:3, 6:3 дастболо шуд.

Дар бозии ниҳоӣ теннисбози болорусӣ бо Наоми Осака рақобат хоҳад кард.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here