Ҳатто Конгресси КФО (AFC) ба таври онлайни санаи 9-уми декабр доир мешавад. 

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки имрӯз дар шаҳри Куала-Лумпур ба таври онлайн сурат гирифт, дар бораи баргузориии мусобиқаҳои дар нашқша буда, қарорҳои махсус бароварда шуд. Ҳамин тариқ чемпионати Осиё байни футболбозони навраси 16 сола ва ҷавонони 19 сола, ки баргузориша дар кишварҳои Баҳрайну Ӯзбекистон дар назар дошта шуда буд, ба соли 2021 гузаронида шуд.

Акнун чемпионати Осиё оид ба футзал дар Кувайт баргузор мешавад, аммо аз санаҳои аввали моҳи ноябр ба санаҳои нав аз 2-13 декабри соли ҷорӣ тағйир дода шуд, зеро тимҳои футзали узви ин ниҳод барои омодагӣ ба мусобиқа вақт дода шавад. Инчунин дар ҷаласа қарор шуд, ки мусобиқаи имсолаи Ҷоми КФО, бо назардошти вазъи ба амал омада доир намешавад. Ин маънои онро дорад, ки ин мусобиқа, ки “Истиқлол” ва “Хуҷанд” як бозӣ доир карданд, баргузор намешавад.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here