Барои боз як бозингари голландӣ “Реал” Мадрид бо “Барселона” рақобат мекунад.

Дониэл Мален бо истеъдоди фавқулодда ва ҳунари нишонзанӣ таваҷҷӯҳи дастаҳои пурбаҳои Аврупоро ба худ ҷалб кардааст. Ба иттилои маҷаллаи Le10Sport, барои ба ба даст овардани бозингари 21 сола дастаи “Реал” мубориза мебарад. Ин ҳам дар ҳоле, ки “Барселона” мехост ҳамин тобистон футболбози ҷавонро ба ҳайаташ ҷалб кунад. Дониэлл Мален дар мавсими гузашта дар дастаи “ПСВ” фақат 14 маротиба ба майдон баромад. Ҷароҳати вазнин ба ӯ имкон надод, то ки ҳунари худро ба таври зарурӣ нишон диҳад. Дар ҳамин муддати кӯтоҳ Маллен голи бисёр зад. 11 гол ва 5 партофти головар. “Барселона” ба ҷои Суарес, “Реал”бошад ҳамчун ивазкунандаи Бензема ин футболбозро даъват карданианд. Зиниддин Зидан дигар ба Лука Йович бовар надорад. Барои Маллен онҳо 50 млн евроро дареғ намедоранд.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here