Эҳсони Панҷшанбе, баъди пайвастан ба дастаи “Навбаҳор” аввалин суханони худро иброз дошт.
-Ба дастаи “Навбаҳор” Шуморо кӣ таклиф кард?
Раҳбарияти дастаба “Навбаҳор” дархост равон кард бо кӯшиш агенти худ ва раҳбарияти дастаи Душанбе гузариши ман амалӣ гардид ва ман ба муддати 2.5 сол шартнома ба имзо расонидам. Маро дар “Навбаҳор” хуб истқбол гирифтанд. Барои ин ба раҳбарияти даста, ситоди мураббиён ва ҳамдастагони навам миннатдории худро баён мекунам.

-Пеш аз ин дар бораи футболи Ӯзбекистон ва дастаи “Навбаҳор” ягон маълумот доштед?   Албатта. Футболи Ӯзбекистонро хеле пешрафта ҳисоб мекунам. Бо Мирҷалол Қосимов бевосита ошноӣ дорам. Аз миёни футболбозон ба бозии Элдор Шомуродов, Остон Урунов ва Ҷаусур Яхшибоев мутаваҷҷеҳ ҳастем.

-Таманниёти Шумо ба мухлисон

Баъд аз ҳамроҳ шуданам ба ҳайати дастаи “Навбаҳор” як гуруҳ мухлисони футболи Намангон ба телеграми шахсиам хабар равон карда, хурсандии худро дар бораи ба дастаи онҳо пайвастанам баён намуданд ва барору комёбӣ таманно карданд. Барои ин ба мухлисони дастаи “Навбаҳор” ҳам минатдории худро баён мекунам. Худо хоҳад боварии раҳбарияти клуб, даста ва мухлисони ин бошгоҳҳро сазовор мешавам ва ба ғалабаҳои “Навбаҳор” саҳми худро арзандаи худро мегузорам.

Манбаъ:  аз сомонаи КФ “Навбаҳор”

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here