Тими миллии ҷавонони 19 солаи Тоҷикистон дар бозии дуюми рафиқона бар Ӯзбекистон пирӯз шуд .

Ин вохӯрии дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо ғалабаи калони футболбозони тоҷик  (4:1) поён ёфт. Аз тими миллии мо Абдулмумин Забиров (дақ 33 пеналти), Салам Ашурмамадов (40), Рустам Соиров (83), Сунатулло Исмоилов Сунатулло Исмоилов 90+1 муаллифи голҳо шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали санҷишӣ, ки  3-сентябр баргузор шуд, футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуда буданд.

Бозии дӯстона
ТОҶИКИСТОН(U-19) – Ӯзбекистон (U-19) – 4:1
Голҳо: Абдулмумин Забиров, 34 – аз пеналти (1:0). Салам Ашурмамадов, 40 (2:0). Рустам Соиров, 83 (3:0). Улуғбек Ҳошимов, 87 (3:1). Сунатулло Исмоилов, 90+2 (4:1).
Тоҷикистон (U-19): Муҳриддин Ҳасанов (Шоҳрух Кирғизбоев, 46), Исроил Холов (Ҷонибек Шарипов, 60), Алиҷон Кароматуллозода (Маҳмуд Пиров, 46), Манучеҳр Сафаров, Муҳаммад Саломзода, Абдулмумин Забиров (Парвиз Хоҷиев, 85), Нидоёр Забиров (Эмомали Ахмадхон, 69), Рустам Соиров (Сунатулло Исмоилов, 85), Ислом Зоиров (Азизбек Ҳасанов, 60), Шуҳрат Элмуродов (Шарифбек Раҳматов, 46), Салам Ашурмамадов (Озодбек Панҷиев, 46).
Ӯзбекистон (U-19): Иззатилло Турсунов, Шоҳҷаҳон Султонмуродов, Мурод Хуҷамбердиев, Мухаммадқодир Раҳимберганов (Руслан Розиев, 46, Улуғбек Ҳошимов, 80), Бектемир Абдуманнонов (Саидазамат Мирсаидов, 46), Бекзод Шамсиев, Ҳумоюн Шерботаев (Иброҳим Ибрагимов, 46), Асадбек Азимджонов (Отабек Ҷурақузиев, 46), Музаффар Олимҷонов (Ҳусейн Норчаев, 54), Ҷалолиддин Содиқов (Абубакр Ризо Турдиалиев, 80), Улуғбек Акназаров (Абдурауф Бӯриев, 46).
Довари бозӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).
6 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”

 

 

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here