Усмон Тошев, сармураббии тими миллии кишвар андешаҳояшро дар мавриди саранҷоми бозии дӯстона бо Ӯзбекистон (2:1) иброз намуд. 

“Барои меҳмоннавозии хуб ба мизбонон ташаккур мегӯям! Баргузории ин бозӣ осон набуд. Бо вуҷуди ин, вохӯрӣ доир гардид. Дар 6-7 моҳи ахир ин аввалин бозии мо ба ҳисоб мерафт. Суръати бозиро нигоҳ доштан мушкил гардид. Дар ин бозӣ ба футболбозон муяссар шуд, ки дар баъзе мавридҳо бо ҳамдигар забон ёбанд ва гоҳе бозии даставиро мушоҳида кардем”,гуфт Усмон Тошев.

– Мо медонем, ки бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон ба як муддати номаълум мавқуф гузошта шудааст. Бо дар назардошти ин, омодагии Шумо чӣ гуна хоҳад буд? Бозиҳои интихобӣ моҳи январ баргузор мешудааст….

– Албатта, хоҳем нахоҳем ин таъсир мекунад.  Чунки фосила калон мешавад. Бо вохӯриҳои рафиқона кӯшиш мекунем ҳолати ҷисмонии футболбозонро таъмин намоем. Лекин ин мушкил хоҳад буд. Сабаб дар он аст, ки агар бозингар заифтар бошад, наметавонад он чизеро, ки мехоҳад, иҷро намояд. Аз рӯйи нақша дар моҳи октябр ва ноябр баргузор кардани як бозии дӯстона дар назар аст. Мо дигар илоҷ надорем.

– Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон як ҳайати озмоишӣ дошт. Шумо то кадом андоза дар дастаи худ озмоиш гузаронидаед?

– Дар ҳайати дастаи мунтахаби Ӯзбакистон интихоби бозигарон зиёд аст. Ҳоло ин дастаи асосии мост, танҳо 1-2 бозигари дигар омада натавонистанд. Инчунин дарвозабони асосии мо дар ин вохӯрӣ бозӣ накард. Имкони озмоиш набуд. Бале, имрӯз се футболбозамон нав буд. Лекин онҳо 50 фоизи қувваи худро нишон доданд. Чунки ҳаяҷон доштанд. Бозингарони даъватшуда, омодагии асосиро дар дастаҳои худ гузарониданд.

– Рақиби асосии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳ Қирғизистон аст. Дар ин ҳолат, шумо имконияти ба даст овардани ҷои дуюмро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Мо барои гирифтани ҷои дуввум ҳеҷ мушкилие надорем. Фикр мекунам барои баромадан аз гурӯҳ мушкилӣ пайдо мегшавад. Дар бозӣ бо Мянмар мағлуб шудем. Чизи дигар он аст, ки агар ҷойи дуюмро ишғол кунем, ин метавонад фоидае надиҳад. Зеро имтиёзи мо метавонад кофӣ набошад, чунки дар гуруҳҳои дигар чаҳор даста дар ҷойи дуюм натиҷаи беҳтарро қайд кунанд.

 

Тарҷума аз Championat.asia 

 

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here