Портали испании Football Espana бо такя ба нашрияи аргентинии TY Sport тафсилотро дар бораи дар кадом даста ҳунарнамоӣ кардани капитани “Барселона” Леонел Мессиро шарҳ дод. 

Ҳамин тавр, тибқи маълумоте, ки нашр шуд эҳтимолияти 90% дар “Барселона” боқӣ мондани Месси вуҷуд дорад. Футболбози аргентинӣ ба қароре омадааст, ки то охири қарордодаш яъне анҷоми соли 2021 дар ин даста боқӣ мемонад. Маҳз ҳаминрӯз, 3-юми сентбяр ояндаи фаъолияти ин футболбоз муайян мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Мессси дар бораи тарки даста хабар дода буд ва “Манчестер Сити” ягона даъвогар барои харидорӣ ин футболбоз маҳсуб меёфт, аммо дастаи каталонӣ намехоҳад аз Леонел даст кашад.

 

 

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here