Намояндагони Ла Лига бо як изҳорот вазъи қарорди ҳамлагари дастаи “Барселона” Леонел Мессиро шарҳ доданд.

“Шартнома ҳоли ҳозир эътибор дорад ва дар он маблағи фуруш дар сурати қатъ кардани қарордод аз сӯйи Месси пеш аз анҷоми муҳлат дарҷ гардидааст” – гуфта мешавад дар изҳороти Ла Лига.

Хотирасон бояд кард, ки маблағи фуруш пеш аз анҷоми муҳлати шартнома 700 млн евро навишта шудааст.

Хабар дода мешавад, ки футболбози аргентинӣ бо як номаи электронӣ аз “Барселона” хоҳиш намуда буд то шартномаашро бекор кунанд. Ӯ имрӯз ба қароргоҳи даста барои супоридани ташхиси бемории коронавирус ҳозир нашуд.

Шартномаи Месси бо даста то соли 2021 имзо шудааст.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here