Як рӯзи ахир сару садоҳои зиёд дар мавриди Лионел Месси, муваффақтарин футболбоз дар таърихи “Барселона” дар тамоми олам давр мезанад. 

Тахминҳо дар мавриди гузариши ӯ ба “Менчестер Сити”, ки онро Хосеп Гвардиола роҳбарӣ мекунад, зиёданд. Агар ба Леонел Месси тарки “Барселона” карда, ба ҳайати “шаҳриҳо” пайвандад, аниқ бо Гвардиола парчами зафар дар Лигаи чемпионҳо боло мешавад. Инҷо бояд гуфт, ки “Манчестер Сити” воқеан ҳам имкониятҳои харидории Мессиро мавриди омӯзиш қарор додааст ва “шаҳриҳо” омодаанд, ки баҳри Лионел мубориза баранд, агар ки нархашро арзон карда тавонанд. Вақтҳои ахир овозаҳо аз он зиёданд, ки футболбози аргентинӣ аз вазъи дастаи  каталонӣ  изҳори  нигаронӣ намуда, ба сармураббии даста Роналд Куман хоҳишҳои тарки даста карданашро гуфтааст. Мавқеи расмии “Барселона” он аст, ки Месси фурӯхта намешавад ва агар савдо ҳам ба миён ояд харидорони эҳтимолиро зарур аст, ки аз барояш 700 миллион евро пардохт намоянд. Чӣ тавре ESPN мегӯяд аслан роҳбарияти даста ба хайрбод бо Месси омода аст ва итминон аз он дорад, ки аз фурӯши аргентинии 33-сола маблағҳои нағзе ба даст оварда, баҳри рушди минбаъдаи даста истифода мекунад. Аммо мағзи моҷаро боз чизи дигар будааст. Хосеп Педреро, рӯзноманигори муваффақи шабакаи телевизионии El Chiringuito хабар додааст, ки агар Хосеп Бартомеу, Президенти бошгоҳи “Барселона” аз мақомаш равад, Месси дар ин даста боқӣ хоҳад монд.

Тибқи маълумоти сарчашма “Манчестер Сити” кайҳо боз нисбати Месси таваҷҷуҳ дошта, мехоҳад, ки Леоро бо як хушнудӣ харидорӣ  кунад. Дар ин даста мабағро ҳисоб доранд ва интизоранд, ки “Барселона” арзиши ниҳоии Мессиро эълон мекунад. Агар иртиботи трансферии Месси воқеияте дошта бошаду ба талаботҳои фейр-плейи молиявӣ мухолифат накунад, пас “шаҳриҳо” омодаи амалкунӣ ҳастанд. Маҳз барои вайрон кардани қоидаҳои молиявии фейр-плей Сити қариб, ки ду  сол аз лигаи қаҳрамонҳо маҳрум мешуд. Мӯҳлати шартномаи феълии Месси бошад бо дастаи каталонӣ соли оянда анҷом меёбад.

 

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here