Бо шарофати ғалабаи дастаи “Пари сен Жермейн” дар вохӯрии ниҳоии Ҷоми Лигаи Фаронса бар “Лион”  (6:5 аз рӯйи пеналтӣ), дастаи “Реймс”, яке аз қадимтаин бошгоҳҳо дар ин кишар ба мусобиқаи аврупоӣ баъди солҳои тӯлонӣ роҳ ёфт.

Дастаи мазкур, пас аз ҷамъбасти мавсими 2019-20 дар Лигаи якуми Фаронса мақоми 6-умро касб карда, баъд аз 57 сол ба мусобиқаи аврупоӣ, аниқтараш марҳилаи муқадамотии Лигаи Аврупо роҳ ёфт. Дар таърихи мавҷудият ин бошгоҳ охирин бор соли 1963 дар марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми чемпионҳо бо “Фейеноорд” бозӣ кардааст.

“Реймс” чемпиони шашкаратаи Фаронса (1948/49, 1954/55, 1957/58, 1961/62) буда, барандаи чаҳоркаратаи Суперҷоми Фаронса солҳои (1955, 1958, 1960, 1966) ва ду карат ҷоизадори Ҷоми Фаронса (1949/50, 1957/58) мебошад. Инчунин даста ду маротиба ба финлаи Ҷоми чемпионҳои Аврупо (1956, 1959) баромадааст.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here