Ҳамлагари дастаи “Зенит”-и Санкт Петербург Артем Дзюба бо схемаи 2+1 шартномаашро тамдид кард.

Ин хабар расо баъд аз нисфирӯзии ҳаминрӯз сархати тамоми расонаҳои иттилоотӣ гардид, зеро на ҳама бар он бовар буданд, ки Дзюба бо ин даста шартномаи нав тамдид мекунад, чун пештар ин бозингарро ба сифати иҷора ба дастаи “Арсенал”-и Тула равон карда буданд. Аз ин хотир баъзеҳо ҳадс бар он мезаданд, ки шояд Дзюба дигар дар ин даста фаъолият набарад, вале ин мавсим ӯ беҳтарин бозиҳои худро нишон дод ва ҳамагонро бовар кунонид, ки ӯ ба ҳама чиз қодир аст. Саҳифаи расмии бошгоҳи “Зенит” дар Твиттер навишт, ки Дзюбаро барои тамдид шартнома табрик мегуем. Ин мавсим Дзюба ҳамроҳ бо ҳамдастаи дигараш Сардор Озмун беҳтарин нишонзанҳои Премераи Русия гардиданд.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here