Мегуянд зери коса нимкоса аст.

     Антонио Конте, сармураббии дастаи “Интер” дар ҳар нишасти матбуотиаш мегӯяд, ки Месси ба “Интер” намеояд. Ҳарвақте сармураббӣ ин гапро гӯяд ҳатман баъди он як ҳодисае мешавад, ки одамонро маҷбур менамояд то ба омадани Месси ба “Интер” бовар намоянд. Дирӯз дар Телевизиони машҳури чинии “Сунинг” бозии дастаҳои  “Интер” ва “Наполи”-ро тарғиб мекарданд. Дар ин анонс ногаҳон сояи “Месси” пайдо шуд, ки онро руи калисои Милан гузошта буданд. Теленвизиони “Сунинг”-и чиниро роҳбараш Стивен Ҷан аст ва ана ҳамин Стивен Ҷан роҳбар ё сарпарасти  бошгоҳи “Интер” мебошад. Дар телевизиони ӯ ҳангоми намоиши анонси дастаи “Интер” акс ё сояи Месси пайдо мешавад. Ин ба фикри Шумо чӣ маъно дорад? Хулас баъди чанд сония ин наворро дигар нагузоштанд, ки пахш равад, аммо гап сари ин аст, ки ҳамин Месси хапак хапак меояд чи?

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here