Капитани дастаи ҷавонони 19-солаи Тоҷикистон, Манучеҳр Сафаров расман ба таври қарзӣ ба дастаи “Локомотив-Помир” гузашт.

Сафаров, ки дар марҳилаи аввали Лигаи олӣ тавассути иҷора дар ҳайати дастаи “ХУҷанд” ҳунарнамоӣ дошт, ба таври иҷора аз дастаи футзали “Сипар” бо пироҳанҳои “Локомотив-Помир” ҳунарнамоӣ мекунад. Қарордод то охири мавсим баста шудааст.

Баъди анҷоми марҳилаи аввали мусобиқа, Манучеҳр Сафаров як муддат дар ҳайати “Кӯктош” машқу тамрин кард, аммо ҷонибҳо барои бастани шартнома ба мувофиқа нарасиданд. “Локомотив-Помир” дастаи чаҳорум барои футболбози 19-солаи дастаи ҷавонон ва тими миллии кишвар аст. Ӯ қаблан дар дастаҳои “Барқчӣ”, “Сипар” ва “Хуҷанд” ҳунарнамоӣ кардааст.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here