Чиро Имобиле дар пойгаи “кафши тиллоӣ” ҳамаро гузашт.

Дар ду бозӣ ӯ суръати худро чунон баланд кард, ки мошини олмонӣ – Роберт Левандовский дар қафо монд, Криштиану Роналду бошад фарсахҳо дур афтод. Дар даври 36-уми Серияи А ба ду бозӣ таваҷҷуҳ зиёд буд. Латсио – Брешия, Каляри – Ювентус. Ба хотири рақобати ду даъвогари “бутсии тиллоӣ”. Дастаи “Ювентус”, ки аллакай қаҳрамон гардидааст, ба дарвозаи рақибаш ягон гол зада натавонист. Чӣ расад ба ин, ки ҳатто ба мағлубият дучор гардид. Роналду акнун бо 31 гол дар ҳисобаш то як давр боқӣ мондан ба анҷоми чемпионат, аз Иммобиле 4 қадам қафо монд. Дар навбати худ Чиро дар бозии дастааш ба дарвозаи “Брешиа” як голи дигар зад. Акнун як бозии дигар боқӣ мондааст: Ҳар ду даста бо рақибони ҷиддӣ рӯ ба рӯ меоянд. “Латсио” бо “Наполи”, “Ювентус” бо “Рома”.  Шумо бовар доред, ки Роналду ин фарқиятро аз байн бурда метавонад. Ин бозингарон голҳои зиёди худро аз пеналти задаанд. Имобиле 14 пеналти, Роналду 12 зарбаи ёздаҳметра иҷро кардааст. Дар як бозӣ ҳатто ҳамин пеналти ҳам ба дарди Роналду намехурад, Наход дар як бозӣ чор пеналти таин кунанд?! Аммо агар ҷиддӣ бигуем, футболбози португалӣ соли дуюм аст, ки дар Италия нишонзан шуда наметавонад. Соли гузашта имкониятро ба як бозингари бузургсол Фабио Квальяррела бой дода буд. Имсол Имобиле натанҳо ӯро гузашт, дар Аврупо инқилоб кард. Тасаввур мекунед дар 36 бозии чемпионат 35 гол зада 10 асист кардааст. Хулоса аз Роналду гузаштани Имобиле ҷои ҳайрат надорад аммо аз Левандовский чи гуна пеш гузашт.

Ин ду сабаб дорад: Якум Левандовский чор бозӣ камтар карда танҳо 5 пеналти задааст. Аммо дар чемпионате ки танҳо аз як даста иборат аст метавонист-ку голҳои бештар занад. Мисле ки як вақтҳо дар 9 дақиқа ба дарвозаи “Волфсубг” 5 гол зада буд. Инро ҳам бояд ба назар гирифт ки ҳамдастаҳои Имобиле он қадар футболбозони қавӣ нестад. Бале, 14 пеналти ин хеле бисёр аст ва бояд инро ҳам ба назар гирифт. Танҳо УЭФА метавонад дар ин бора ба Италия фишор орад, ки бо баҳонаҳои кучак зарбаи ёздаҳметара таин накунанд. Масалан дар Бундеслига имсол 73 пеналти таин шудааст. Дар Италия аллакай 180 маротиба. Ин ниҳоят  зиёд аст.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here