Раиси Раёсати бошгоҳи “Бавария” Карл Хайнс Румменигге гуфт, ки лағв шудани супоридани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ноадолатӣ дар ҳақи Левандовски аст.

 “Ман андешаи онро дорам, ки Левандовски имсол мавсими фантастикии худро гузаронд. Мутаасфиона France football аз лағви супоридани ҷоизаи мазкур хабар дод, ки ин моро ғамгин сохт.  Ин натанҳо ноадолатӣ нисбати бошгоҳи “Бавария”, балки нисбати Левандовски аст, ки шояд ӯ метавонист ба ин ҷоиза сазовор шавад. Инро ҳама медонад, ки дар ин мавсим шонси Левандовски нисбат ба дигарон барои гирифтани ин ҷоиза бештар буд-гуфтааст Карл Хайнс

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here