Футболбозони дастаи “Реал” Мадрид пеш аз бозии дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо аз санҷиши озмоишии тиббӣ барои муаян сохтани вируси корона гузаштанд.

Дастаи “Реал” Мадрид изҳорот додааст, ки танҳо дар вуҷуди як нафар вируси мазкур ошкор гардид, ки ин ҳам Мариано Диас мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳоли ҳозир хуруҷи бемории коронавирус дар Испания афзоиш ёфт ва Британияи Кабир барои шахсони аз Испания ворид гашта тули 14-руз карантин эълон кардааст. Аз ин рӯ футболбозонро барои он аз санҷиш гузаронидаанд, ки ба Англия ворид гашта тавонанд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Реал” ва “Манчестер Сити” 7-уми август дар Англия баргузор мешавад. Дар бозии авва  “Реал” бо ҳисоби 1-2 ба бохт мувоҷеҳ шуда буд.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here