Дар шаҳри Барнаул бо иштироки ду варзишгар фоҷиа сар задааст.

Шаби 27 ба 28 уми июл дар назди яке аз маконҳои дилхушии шаҳри Барнаули Русия муноқиша ё худ заду хурди кучагӣ сар задааст, ки дар натиҷа як нафар аз ғояти зарбаи сахти варзишгар ба ҳалокат расидааст. Боксчии машҳур Михаил Стартсев ва чемпиони ҷаҳон оид ба кикбоксинг миёни занон Лилия Ворогушина дар якҷоягӣ ба шаҳрванд Павел Рохлов дарафтоданд, ки баъди зарбаи сахти Стартсев, Рохлов ба замин уфтод ва сараш ба асфалт бархурд, ки дигар ба ҳуш наомад. Табибон баъд аз ташхис гуфтанд, ки Рохлов ҳангоми ба замин афтодан аллакай беҷон буд. Гуфта мешавад, ки Стартсев ва Лилия дар ҳолати сархушӣ қарор доштанд ва дар ин раванд ба як маъюб дарафтода, он маъюбро мавриди таҳқир қарор доданд, ки дар ҳамин вақт Павел Рохлов ба ёрии шахси маъюб омад. Ин амалӣ Рохлов сабаб ба он гардид, ки аз ҷониби ду варзишгар зарбаҳои пай дар пай бихурад ва ҷони худро аз даст бидиҳад. Дар ин баробар ҷониби Михаил Стартсев аниқтараш собиқ ҳамсараш бо исми Оксана изҳорот додааст, ки ба марги Рохлов Стартсев гунаҳгор нест. Дар навор дида мешавад, ки ҳангоми заду хурд ҳамсари собиқи боксчӣ дар миён даромада вазъро ором кардан мехост. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки ин ҳодиса дар ҳоле сар зад, ки як нафар ба Лилия дарафтод ва Стартсев хост, ки он шахсро барои бадахлоқияш ҷазо диҳад ва ҳаминтавр ҷанҷол оғоз шуд. Шахси ба Лилия дарафтода маъюб набуд як шахси оддӣ ва дар ҳолати сархушӣ қарор дошт. Дар ҳамин вақт Павел Рохлов ба ҷанҷол ҳамроҳ шуд ва хост, ки он нафарро аз чанголи ду варзишгар наҷот диҳад, аммо худаш қурбони ин воқеа гардид-гуфтааст Оксана. Гапи дигар ин, ки табибон маъюб будани шахси аввалро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки онҷо ғайр аз ду варзишгар каси дигар маст набуд. Ҳоло варзишгарон дар шуъбаи ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here