Дар як бозии санҷишӣ миёни мунтахабҳои ҷавонон U-19 ва тими миллии Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт сурат гирифт, дастаи ҷавонон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Шогирдони Мубин Эргашев тавассути голҳои Амадонӣ Камолов (27) ва Сунатулло Исмоилов (87) бартарӣ нишон доданд.

Ҳоло дастаи ҷавонон ва мунтахаби кишвар тамринҳои хешро барои омодагӣ ба мусобиқаҳои дар пешистода идома дода истодаанд. Тамринҳо то 26 июл идома мекунад.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here