Раҳматулло Фузайлов, собиқ сармураббии дастаи “Кӯктош” ва сармураббии феълии тими “Равшан”-и Зафаробод роҷеъ ба мушкилоти пешомада дар дастаи “Кӯктош” ва нақшаҳо дар дастаи наваш гуфт.

  – Шуморо барои вазифаи нав дар тими “Равшан”-и Зафаробод тарик мегӯем. 

– Ташаккур

– Вақти дар “Кӯктош” буданатон аллакай аз дастаи “Равшан” пешниҳод гирифта будед ё баъд аз барканориатон? 

– Албатта, баъд аз рафтанам аз дастаи “Кӯктош” онҳо маро даъват карданд.

– Натиҷаҳои ахири “Кӯктош”-ро чигнуна баҳо медиҳед. Чи сабаб шуд, ки за ин тим рафтед? 

– Аз рӯйи бозӣ мо аз ягон даста кам набудем. Ҳатто рақибонро мағлуб мекардем. Мушкилиҳои дохилии даста таъсир расонид. Чихеле ки мегӯянд, даста ғолиб меояд, мураббӣ мағлуб.

– Баъди бозӣ бо роҳбарияти даста сӯҳбат доштед? 

– Не. Баъд аз истироҳат бояд тамринҳоро оғоз мекардам, аммо дӯстон занг зада гуфтанд, ки ман истеъфо додам. Ана, чунин аст муносибати баъзеҳо. Дар ҳоле, ки дар оиннома дигар чиз навишта шудааст.

– Чӣ коре дар “Кӯктош” мекрдед, ки нотамом монд 

– Баъзе чизҳое ҳаст, ки бояд дар борааш хулосаи дурустро барорам. Он чизе, ки    гузашт Шумо хабар доред. Соли гузашта ҳам ин саргузашт иттифоқ афтода буд. Дидаву дониста ба ин чоҳ худро андохтам. Дар оянда кӯшиш хоҳам кард, ки ба ин иштибоҳҳо роҳ надиҳам.

– Ба ғайр аз “Равшан” ягон варианти дигар доштед? 

– Баъд аз он, ки хабари барканории ман маълум гардид, ҳамон лаҳза як варианти дигар буд.

– Агар сир набошад, кадом даста? 

– Бубахшед, аммо ин гузаштааст. Вале метавонед тахмин кунед (механдад)

– Ин дастаи Лигаи якум аст? 

– Не. муайян карда натавонистед (механдад)

– Роҳбарияти дастаи “Равшан” дар пеши Шумо чӣ вазифа гузоштааст. 

– Зинаҳои ифтихорӣ

– Оё чунин вазифа нагузоштаанд, ки даста ба Лигаи олӣ роҳхат бигирад 

– Вақт нишон медиҳад.

– Шароиту имкониятҳои даста чӣ гуна аст. Кӣ сармоягузорӣ мекунад. 

– Имкониятҳо хуб аст. Роҳбарият худаш сармоягузорӣ мекунад

– Роҳбарият кист? Роҳбарияти шаҳр ё ягон соҳибкори маҳаллӣ? 

– Хурсандмурод Ҷумаев

– Шумо нақшаҳои пурқувват кардани дастаро доред. Киҳоро даъват карданиед? 

– Албатта чунин нақша дорем, аммо аввал як ду бозӣ анҷом медиҳем то маълум гардад, ки дар кадом мавқеъ ба бозингари нав ниёз дорем.

Баъди чанд соли фаъолият дар Лигаи олӣ, оё дар Лигаи якум кор кардан барои Шумо чӣ гуна аст? 

– Мушкиле нест, саҳифаи нав дар зиндагӣ ва саргузаштҳои ҷадид дар кори мураббигӣ.

– Раҳмат, барои як сӯҳбати самимӣ. Ба дастаи “Равшан”-и Зафаробод барор мехоҳем. 

– Саломат бошед.

championat.tj 

 

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here