Ман нафас кашида наметавонам!

Леброн Ҷеймс ситораи баскетболи муосир ва  дастаи “Лос анджелес Лейкрс” аз пушидани футболкаи хусусияти зидди нажодпарастӣ дошта, даст кашидааст. Ин дар ҳолест, ки  НБА бо як қарор аз дастаҳо хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳунарнамоӣ аз ба истилоҳ футболкаҳое, ки дар он шиорҳои “black lives matter”, “Ман нафас кашида наметавонам”, “Адолат”, “Моро эҳтиром намоед” навишта шудааст истифода намоянд. Леброн Ҷеймс, ки худ аз нажоди сиёҳпӯстон аст ба ин қарор зид баромада гуфтааст, ки “ман ин футболкаро ба бар намекунам. Дар футболкаи ман ҳеҷ чиз навишта нашавад. Ягонхел беэҳтиромӣ нисбати дигарон вуҷуд надорад. Ман мефаҳмам онҳоеро, ки мехоҳанд дар либос чизе нависанд. Ман зиёд мехостам, ки овоздиҳӣ шавад барои оне, ки унҷо чи нависанд. Ман чандин андешаҳои хуб доштам, аммо онҳо ба назар нагирифтанд ҳол он, ки ман бо нажодпарастӣ ягон мушкилӣ надорам. Ман мехоҳам дар пушти футболкаи ман чизе навишта гардад, ки ба варзиш рабт дошта бошад. Варзиш ва сиёсат бояд миёни худ марз дошта бошанд”. Гуфтааст Леброн Ҷеймс.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here