Ба иттилои пойгоҳи хабарии Marca, бошгоҳи шоҳона аз трансфери ниммуҳофизатгари “Манчестер Юнайтед” Пол Погба даст кашид. 

Ҳоло интихоб сари Эдуарду Камавинга аз “Ренн” ва Нголо Канте аз “Челси” афтодааст. Дар мавсими 2019/20 Погба дар Премйер Лига 7-бозӣ ва дар Ҷоми лигаи ин кишвар як бозӣ гузаронидааст.

Нголо Канте бошад, имсол дар 22 бозии дастаи “Челси” 3-гол зад ва Камавинга дар ҳайати дастаи “Ренн” дар 36-бозӣ иштирок карда, муаллифи як гол ва 2 партоти головар шудааст.

Эдуарду Камавинга дар Ангола таваллуд шуда, оилааш ҳине, ки ӯ як сол дошт ба Фаронса кӯч баст. Соли 2009 ӯ ба ҳайати дастаи наврасони “Драпо-Фужер” даъват шуда, соли 2013 скаутҳои “Ренн” ӯро ба ҳайати худ ворид карданд. Бо вуҷуди он, ки Камавинга 17 сол дорад, вале дар ҳайати асосии дастааш ҳунарнамоӣ дорад. Ӯро яке аз беҳтарин истеъдод дар мавқеъи такягоҳи майдон ном мебаранд.

Тибқи натиҷагирии Transfermarkt-и Олмон, ӯ аллакай дар рӯйхати гаронбаҳои футболбозони такягоҳии то 21-сола дар ҷаҳон пешсаф аст. Ҳоло дастаҳое ба монанди «Реал», «Барса», «Арсенал», «Тоттенҳэм», «Бавария» ва «Боруссия»-и Дортмунд ба шикори ӯ баромадаанд.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here