Дар бозии навбатии мусобиқаи Лигаи миллии баскетболи Амрико пештозони ду минтақа-шарқу ғарб бо ҳам рақобат карданд. 

Дастаи баскетболи “Лейкерс” пас аз пирӯзӣ бар тими “Милуоки”, ки пешсафи минтақаи шарқӣ аст, ба даври плей-офф роҳ ёфт. Вохӯрии дастаҳо 113-103 ба поён расид. Дар фаъоли 72-солаи худ, тими “Лейкерс” 61 маротиба ба даври плей-офф баромадааст. Маротибаи охир онҳо дар мавсими 2012-13 ба ин марҳила роҳ ёфта буданд.

Аз ҳама бозингаре, ки имтиёзи баландро ба даст овард, Лейброн Ҷеймс бо 37-хол буд.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here