Даромади солонаи 10 дастаи арзишманди Ассотсиатсияи миллии Баскетболи Амрико аз миллиард доллар ҳам гузашт. 

Дастаи “Ню-Йорк” соли панҷум мешавад, ки пайиҳам бошгоҳи сердаромадтарин маҳсуб меёбад. Арзиши он ба 4,6 миллиард долларро рост омадааст.

Дар мақоми дуюми руйхат “Лейкерс” (бо 4,4) қарор гирифта, ба қатори сегонаи арзишмандтарин дастаҳо “Голден Стэйт” (4,3) шомил шудааст.

Ба иттилоъи Forbes арзиши дастаҳои NBA дар давоми соли гузашта 14 фоиз афзоиш ёфта, 2,12 миллиардро ташкил додааст. Чемпиони феълӣ дастаи “Торонто” нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ин ҷиҳат бо суръати барқосо рушд ёфта, хазинаи фоидааш 25% боло рафт ва ин ба 2,1 миллиард доллар баробар шуд.

10 гонаи беҳтарин дастаҳои сердаромадтарини баскетболи АМБ (NBA)

1. «Ню-Йорк» – 4,6 миллиард доллар,
2. «Лейкерс» – 4,4 млрд,
3. «Голден Стэйт» – 4,3 млрд,
4. «Чикаго» – 3,2 млрд,
5. «Бостон» – 3,1 млрд,
6. «Клипперс» – 2,6 млрд,
7. «Бруклин» – 2,5 млрд,
8. «Хйюстон» – 2,475 млрд,
9. «Даллас» – 2,4 млрд,
10. «Торонто» – 2,1 млрд.

Шарҳи шумо

Please enter your comment!
Please enter your name here